Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон дар роҳи тақвияти назорат ба гурӯҳҳои динӣ


Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев имрӯз гуфт, кишвараш назорат бар фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабиро шадидтар хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои амниятии Қазоқистон дар пайи ситезаҷӯёни исломие афтодаанд, ки моҳи май дар назди як бинои маъмурӣ дар Оқтеппа аввалин таркиши худкушонаро анҷом доданд. Аввали ин ҳафта дар як амалиёт як ҷангҷӯ кушта ва 18 нафари дигар боздошт шуданд. Назарбоев гуфт, қонуни наве зарур аст, ки давлатро аз тундравони мазҳабӣ ҳифз кунад. Ғайрат Лама Шариф, рӯҳонии шумораи аввали Қазоқистон гуфт, ҳамаи созмонҳои динӣ бояд аз нав дар ниҳодҳои маъмурӣ сабти ном шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG