Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳусниддин Машрабов, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон, ки се моҳ дар Осетияи Ҷанубӣ дармонда буд, озод шуд.

Ҷаноби Машрабов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки се моҳи, ба истилоҳ, "дармондагии марзӣ ва ғурбат" барояш хеле сангин буд ва сабақи муҳиме шуд, ки орзуи муҳоҷиратро барои чанд соли дигар аз дили ӯ бурдааст.

Ҳамсӯҳбати мо дар моҳи марти соли ҷорӣ бо тавсияи роҳбари ширкате, ки дар он кор мекард, аз шаҳри Владикавкази Русия ба Осетияи Ҷанубӣ гузашт. Вай меафзояд, ин нуктаро медонист, ки ӯ шаҳрвандии Русия ё сабтином дар Русияро надошт ва мумкин буд бо мушкил рӯбарӯ шавад, аммо корфармо ва як муҳоҷири тоҷик, ки ӯро шарикӣ мекард, барояш итминони хотир додаанд, ки агар кас аз марзи Русия берун шавад ва дубора ворид гардад, то чанд муддати дигар ҳақи будубошро пайдо хоҳад кард:

«Мо бе мушкил ба Осетияи Ҷанубӣ ворид шудем, аммо ҳангоми бозгашт дар марз рафиқам вориди Русия шуда тавонист, аммо ма не. Се моҳ дар хонае, ки Ҷобир -- як шаҳрванди Тоҷикистон иҷора гирифта буд, маро паноҳандгӣ дод ва нигоҳубин мекард. Пардохти чипта то Владикавказ ва Москав ва баъдан ба Душанберо низ ҳамон бародар аз ҳисоби худаш кард. Ҳуҷҷатҳои баровардани маро бошад Сафорати Тоҷикистон дар Русия тахт кард ва албатта, ки ин кор бо кӯмаки бевоситаи васоити ахбори омма шуд. Вақте ман дар Осетияи Ҷануби дар ҳолати тарсу ваҳм қарор доштам, радиои Озодӣ маро пурсон мешуд.»

Давлат Назрӣ, сухангуи Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки талошҳо барои баровардани Ҳусниддин душвор ва дарозмӯҳлат буд. Аммо, бо вуҷуди ин вазорат ва сафорати Тоҷикистон дар Русия муваффақ шуданд, ки Ҳусниддинро ба ватан баргардонад:

«То ба охир Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ин корро пайгирӣ карданд ва тавассути гуфтугӯҳои дипломатӣ, коридор — гузаргоҳи махсус ташкил карда шуд ва Ҳусниддин аз Осетияи Ҷанубӣ баромада, аввал ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон баргашт.»

Давлат Назрӣ мегӯяд, ки сарнавишти талхи Ҳусниддин барои муҳоҷирони дигари тоҷик бояд, ки дарси ибрат шавад. Мабодо онҳо ҳам дар чунин ҳолат биафтанд ва роҳи осонии корро дар берун шудан аз марзи Русия ва гузаштан ба Осетияи Ҷанубӣ бинанд, ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ҳусниддин мегӯяд, дар ҳар як фурудгоҳ кормандони марзбонӣ ӯро пешвоз мегирифтанд ва дар алоҳидагӣ нигоҳ медоштанд ва дар вақти расидани соати парвоз ба самолёт, ба истилоҳ, аз даст ба даст савор мекарданд. Дар ҳар фурудгоҳ расидан замон кормандони марзӣ бо телефон ба ҷойе дар тамос шуда, расидани маро хабар медоданд ва вақти гусел кардан, боз дар тамос шуда, мегуфтанд, ки маро пешвоз гиранд, аммо дар Домодедово бағоҷи ман то ба Душанбе нарасид, мегӯяд Ҳусниддин.

Ва хабари дигари хуш барои Ҳусниддин ин буд, ки ҳангоми ба ватан расидани ӯ дар оилааш меҳмони нав пайдо шудааст. Ҳамсари ӯ духтарча таваллуд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG