Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон: "Аз дониш ва ихтироъкории ҷавонон хушнудам"


Э. Раҳмон ҳангоми боздид аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 1 сентябри 2011.

Э. Раҳмон ҳангоми боздид аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 1 сентябри 2011.

Дар нахустин рӯзи соли нави таҳсил раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз ҷавонон умеди зиёд дорад.

Дар мулоқот бо устодон ва донишомӯзони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаноби Раҳмон гуфт, шоҳиди он аст, ки “солҳои охир шумораи донишҷӯёни эҷодкору ихтироъкор ва ташаббускори тоҷик хеле зиёд гардидааст.” Вай ин фарояндро хурсандибахш номид ва афзуд, бояд ҷавонони боистеъдод мавриди ҳимоят ва ҳавасмандии давлат қарор гиранд ва чунин ҷавонон дар ҳаёти мамлакат ҷойгоҳи муҳим дошта бошанд.

Ин суханони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳанд, ки баръакс ҷавонон дар ҳаёти ин кишвар нақши ночиз доранд ва аксари онҳо талош мекунанд, барои таҳсил ба хориҷа раванд ва дар ин солҳои наздик ба ватан барнаграданд.

Зоҳиран, вақте ки донишҷӯён худро дар матни вазъи иҷтимоии кишварро тасаввур мекунанд, шӯру шавқи ватанхоҳоияшон ин ҷо ба поён мерасад. Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Бисёр вакт он музде, ки дар аксари корхонаҳо вучуд дорад ба талаботи онхо мувофиқат намекунад. Ман гуфта наметавонам, ки бисёр донишҷӯён дар корхонаҳо кор ёфта наметавонанд, лекин он музде, ки барояшон пешниҳод мешавад, талаботи онҳоро қонеъ карда наметавонад.»

Талошҳои раисиҷумҳур ба ҷалби ҷавонон дар умури давлатӣ ҳарчанд барои насли ҷавон хеле ибратомӯз буданд, аммо натиҷаҳои ҷиддӣ ва дарозмуддат надод. Дастикам се нафаре, ки бо мудохилаи президент ба мақомҳои давлатӣ таъйин шуданд, ба зудӣ корро дар ин ниҳодҳо тарк карданд.

Ҷаноби Раҳмон аз шӯру ғайрати ҷавонон дар фарогирифт ва корбасти донишҳои марбут ба фанновариҳои иттилоотӣ истиқбол кард, аммо ин масъаларо матраҳ нанамуд, ки дар Тоҷикистон марказу ширкатҳое мавҷуд нест, ки аз дониш ва ихтироъкории чунин намояндагони насли ҷавон истифода кунанд. Таври маълум бисёре аз ҷавонони дар барномарезиҳои компютерӣ забардасти тоҷик дар марказҳои фанноварии нави Русия, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида кор мекунанд. Чунончӣ, ихтирои яке аз онҳо аз тарафи Ҷопон ва Русия дар бартараф кардани пайомадҳои зилзила истифода шуд. Ҷавони дигари тоҷик барои саноати кайҳонии Фаронса кор мекунад. Ва гумон аст, ки Тоҷикистон битавонад, чунин афроди болаёқатро дар худи кишвар ҳифз ва бо кору даромади муносиб таъмин кунад.

Бархе аз онҳо нахустин донишҳои муосирро дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон андӯхтаанд, ки рӯзи 1-уми сентябр раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои нави онро боз намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG