Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии гурӯҳи “С” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода соати 16-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё 2-юми сентябр бо тими миллии Узбакистон рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “С” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода соати 16-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Олимҷон Рафиков тамрин мекунад. Ба даста, инчунин, легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари бошгоҳи футболи дивизиони аввали Русия - “Шинник”-и Ярославл ҳамроҳ шуд.

Ба ин тартиб дар тамринҳо 24 футболбоз – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ширкат карданд, ки инҳоянд: дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов, Владимир Сисоев (ҳарду -“Регар-ТадАЗ”), ҳимоятгарон – Фарҳод Восиев (“Шинник”, Ярославл), Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров, Умед Ҳабибуллоев, Одил Эргашев (ҳама – "Истиқлол"), Сафаралӣ Каримов, Фаррух Чориев (ҳарду - “Регар-ТадАЗ”), нимҳимоятгарон - Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳмадалӣ Содиқов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳама - “Истиқлол”), Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА “Помир”), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов (“Равшан”), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”), Юсуф Рабиев ва Фарҳод Тоҳиров (ҳарду -“Истиқлол”).

Бозии Тоҷикистону Узбакистонро ҳакамон аз Чин доварӣ мекунанд. Хай Тан - сардовар, Юксин Му ва Жиге Су – ёварони сардовар, Лианг Жао - довари эҳтиётӣ таъйин шудаанд. Муҳаммад Ризо Касроии эронӣ комиссари бозӣ мебошад.

Дастаи мунтахаби футболи Узбакистон, ки тавассути ҳавопаймо имрӯз ба Тоҷикистон омад, бегоҳ дар варзишгоҳи “Металлург” тамрин мекунад. Макони зисти меҳмонон меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода мебошад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Узбакистон бо роҳбарии Вадим Абрамов 19 футболбоз дохиланд, ки 12 нафарашон легионерҳоянд: дарвозабонҳо - Игнатий Нестеров, Виктор Мочалов (ҳарду - «Бунёдкор», Тошканд), Муродҷон Зуҳуров (“Насаф”, Қаршӣ), ҳимоятгарон - Шавкат Муллоҷонов («Ал-Аҳлӣ, Қатар), Виктор Карпенко («Бунёдкор»), Ислом Тухтахоҷаев («Нефтчӣ», Фарғона), Анзур Исмоилов («Чанчун Ятай», Чин), Виталий Денисов («Днепр», Укроин), нимҳимоятгарон - Сарвар Ҷабборов («Ал-Шабоб», Арабистони Саудӣ), Одил Аҳмадов («Анжи», Русия), Санҷар Турсунов («Волга», Русия), Темур Кападзе («Инчон, Куриёи Ҷанубӣ), Азиз Ҳайдаров («Ал-Шабоб, АМА), Станислав Андреев («Пахтакор», Тошканд), Лутфулло Тӯраев («Насаф», Қаршӣ), ҳамлагарон - Александр Гейнрих («Сувон», Куриёи Ҷанубӣ), Максим Шатских («Арсенал”, Киев, Укроин), Улуғбек Бақоев («Жетису», Қазоқистон), Баҳодур Насимов («Нефтчӣ», Озарбойҷон).

Ба гурӯҳи “С”, инчунин, дастаҳои мунтахаби Ҷопону Куриёи Шимолӣ шомиланд.

Дар даври аввали сабқати гурӯҳӣ рӯзи 2-юми сентябр 20 даста дар 5 гурӯҳ қувваозмоӣ хоҳанд кард:

Гурӯҳи “А” - Чин – Сингапур
Ироқ – Урдун

Гурӯҳи “В” - Куриёи Ҷанубӣ – Лубнон
Аморати Муттаҳидаи Араб – Кувайт

Гурӯҳи “С” - Тоҷикистон – Узбакистон
Ҷопон – Куриёи Шимолӣ

Гурӯҳи “D” - Австралия – Тайланд
Умон – Арабистони Саудӣ

Гурӯҳи “Е” - Эрон – Индонезия
Баҳрайн - Қатар

Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Куриёи Шимолӣ 6-уми сентябр дар сафар барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ҷопон 11-уми октябр дар меҳмонӣ ва 11-уми ноябр дар майдони худ рақобат хоҳад кард.

Асоси дастаи мунтахаби Тоҷикистонро футболбозони тими “Истиқлол” ташкил медиҳанд. Бинобар ин Федератсияи футболи Тоҷикистон ба иллати ширкати бозигарони “Истиқлол” дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ бо тимҳои миллии Узбакистон (2-юми сентябр дар шаҳри Турсунзода) ва Куриёи Шимолӣ (6-уми сентябр дар шаҳри Пхенян) боз се бозии мусобиқоти лигаи олиро бо ширкати “Истиқлол” ба мӯҳлати дертар гузаронд: “Истиқлол” - “Вахш” (бозии даври 28-ум, 1-уми сентябр), “Истиқлол” - “Равшан” (бозии даври 29-ум, 4-уми сентябр) ва “Истиқлол” - “Хуҷанд” (бозии даври 18-ум, 7-уми сентябр).

Инчунин бозии даври 28-ум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” аз 1-уми сентябр ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дар даври 28-ум имрӯз, 1-уми сентябр, се бозӣ баргузор мешавад: “Хайр” (Ваҳдат) - “Гвардия” (Душанбе), “Шодмон” (Ҳисор) - “Равшан” (Кӯлоб), “Энергетик” (Душанбе) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG