Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин моҳи беталафоти нерӯҳои Амрико дар Ироқ


Аввалин бор аз замони ишғоли Ироқ дар моҳи марти соли 2003 нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин кишвар як моҳро бидуни талафи ҷонӣ ба поён расонданд. Сухангӯи Вазорати дифои Амрико, Ангела имрӯз гуфт, “августи 2011 нахустин моҳе шуд, ки ягон сарбози амрикоӣ аз тиру таркиш, тасодуф ё беморӣ нафавтидааст.” Қарор аст, то поёни сол нерӯҳои Амрико Ироқро тарк кунад, вале сӯҳбатҳое низ садо медиҳад, ки агар созиши нав ба миён наояд, бахше аз онҳо барои тамрини нерӯҳои Ироқ боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG