Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ду идро ба Ислом Каримов табрик гуфт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар як барқия 20-умин солгарди истиқлолияти Узбакистонро ба раисиҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов табрик гуфт. Дар паёми табрикӣ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва пайвандҳои ҳамсоягию ҳамҷаворӣ бо Узбакистон арҷ мегузорад ва хостори таҳкими онҳост. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин Иди Фитр ё поёни моҳи Рамазонро низ ба ҳамтои худ табрик гуфт. Узбакистон 1-уми сентябр аз истиқлолияти худ таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG