Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия рақибони Қаззофиро ба расмият шинохт


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Русия Шӯрои миллии гузори Либияро ба ҳайси ҳукумати ин кишвар эътироф кард. Вазорати умури хориҷии Русия дар изҳороте гуфт, Маскав дар назар мегирад, ки шӯро барномаи ислоҳоти сиёсиро эълом дошта, зимни он қонуни нави асосиро ба тасвиб мерасонад, интихоботи умумӣ доир мекунад ва ҳукумати нав таъсис медиҳад. Ин изҳорот дар арафаи ҳамоиши сарон ва фиристодагони аршади 60 кишвари ҷаҳон дар Порис садо дод, ки қарор аст, ояндаи Либияро барррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG