Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мегӯяд, тарҳи ҳамлаҳо дар Шинҷонро хунсо кардааст


Намояндаи баландпояи ҳукумати Чин мегӯяд, нерӯҳои амниятӣ чандин таҳдиди ташаннуҷи вазъ дар минтақаи Шинҷону Уйғурро хунсо кардаанд. Жу Ҳайлун гуфт, террористон, ҷудоихоҳон ва тунравони мазҳабӣ талош доштанд, ҷашнвораи тиҷоратии Осиёи Марказиро дар Урумчӣ баҳам зананд. Аммо ӯ танҳо як мисол овард, ки марде дар фурудгоҳи Урумчӣ хостааст, ханҷареро бо худ ба ҳавопаймо дарорад. Қавмҳои мусулмони вилояти Шинҷони Чин солҳост, барои истиқлолияти ин минтақа ҷадал мекунанд.
XS
SM
MD
LG