Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти афсари амниятии Русия дар Душанбе


Ҷасади Владимир Кузнетсов дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе ёфт шудааст...

Ҷасади Владимир Кузнетсов дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе ёфт шудааст...

Афсари 38-солаи гурӯҳи таъминоти амнияти раисиҷумҳури Русия дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.

Дар ин бора Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, Владимир Кузнетсов, афсари 38-солаи амниятӣ ҳанӯз 26-уми июл ба Душанбе омада, таъмини амнияти сафари Медевдев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекард.

Аммо ҷаноби Асадуллоев сарусадоҳо дар бораи масмумият ё заҳролудшавии подполковник Кузнетсовро рад кард ва гуфт, ки "ӯ бар асари бемории қалб фавтидааст."

Ба қавли сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, аз бемории Владимир Кузнетсов ҳамроҳонаш низ хабар доштаанд.

Даргузашти як афсари гурӯҳи таъминоти амнияти раисиҷумҳури Русия дар Душанбе дар ҳолест, ки сафари Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон шоми имрӯз, 1-уми сентябр оғоз меёбад.

Бисёре аз коршиносон интизор доранд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев -- президентҳои Тоҷикистон ва Русия, ояндаи равобити байни ду кишвар рӯшан шавад. Ин муносибатҳо дар ҳоли ҳозир як давраи дарози, ба истилоҳ “нодидагирии ҳамдигар”-ро, аз сар мегузаронанд.

Масъалаҳои зиёде байни онҳо муддатҳост ҳалношуда боқӣ мондаанд, ки ҳар кадом барои ҳар яке аз тарафҳо аҳамияти хос дорад. Русия бо вуҷуди он ки дар баҳси Тоҷикистону Узбакистон сари тарҳи Роғун аз мавзеъгирии Тошканд ҳимоят кард, мехоҳад, шароити ҳузури ҳарбияшро дар Тоҷикистон ба дилхоҳи худ ва бе чуну чаро муқаррар кунад.

Вале Тоҷикистон талош кардааст, дастикам салоҳиятҳои мушовирони Маскавро дар назорат бар марзи Тоҷикистону Афғонистонро маҳдудтар намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG