Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақаллуб. Талафи 60 миллиард $ дар Афғонистону Ироқ


Бар асари тақаллубҳо дар қарордодҳо дар Афғонистону Ироқ ҳудуди 60 миллиард доллар талаф шудааст.

Як кумиссюни иборат аз муфаттишон ва аъзои собиқи Маҷлиси намояндагони ИМА мегӯяд, ки Кохи Сафед дар даҳ соли гузашта бар асари тақаллубҳо дар қарордодҳо дар Афғонистон ва Ироқ ҳудуди 60
Дар маҷмӯъ, ба навиштаи муаллифони гузориш, дар Ироқ ва Афғонистон қарордодҳои беҳуда ва тақаллубӣ аз ҷайби андозсупорони амрикоӣ аз 30 то 60 миллиард долларро берун карда, ба бод додаанд...

миллиард долларро талаф додааст.

Ин кумиссюни мавсум ба “Қарордодҳои замони ҷанг”, ки соли 2008 таъсис шуда буд, дар гузориши ҷамъбастии худ навиштааст, ин фақат як зарба ба ҳукумати мувоҷеҳ ба камбуди пули нақди Амрико нест, балки он метавонад тарҳҳоеро, ки аз ҳисоби сармояи ИМА дар Афғонистон ва Ироқ роҳандозӣ шудаанд, ноком созад.

Узви Сенат аз ҳизби демократ Ҷеймс Вебб, яке аз пуштибонҳои таъсиси ин кумиссюн, зимни ироаи ин гузориш дар Вошингтон гуфт, “барномаҳои зербиноӣ ва амниятӣ, ки дар хориҷи кишвар - дар Ироқ ва Афғонистон баъд аз ҳаводиси 11 сентябр таҳия шудаанд, комилан иштибоҳ буданд. Ширкатҳои хубе ҳам буданд ва дар
гузориши комиссиюн ишора шудааст, ки корҳои хуберо анҷом додаанд, ва аммо ҳамзамон як силсила камбудиҳо дар сохтор ва дар шеваи татбиқи қарордодҳо мавҷуд буд.”

Дар гузориш омадааст, ки истифодаи густурдаи ҳукумат аз қарордодиҳо ва иҷоракорон дар Афғонистон ва Ироқ гоҳҳо аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар ин ду кишвар бештар буд, аммо захираҳои кофӣ барои идораи қарордодҳо ва қарордодиҳо фароҳам нашудааст.

Бар пояи гузориш, назорати нокофӣ аз болои тарҳҳо мунҷар ба он гардид, ки ин тарҳҳо дуруст иҷро нашаванд, барномарезӣ ва иҷрои онҳо заъиф бошад ва ҳамчунин боиси бархурди ҷиноӣ ва фасод гарданд. Ин ҳама ба талошҳои Амрико халал ворид намуда ва боиси эҷоди фазое мешавад, ки дар он зоеъ сохтан ва талаф додан як кори маъмулист.

Дар маҷмӯъ, ба навиштаи муаллифони гузориш, дар Ироқ ва Афғонистон қарордодҳои беҳуда ва тақаллубӣ аз ҷайби андозсупорони амрикоӣ аз 30 то 60 миллиард долларро берун карда, ба бод додаанд. Дар гузориш, аз ҷумла, аз як тарҳи 360 миллион доллараи кишоварзӣ дар Афғонистон ёдоварӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ин маблағ ба мардуми деҳот барои иҷрои корҳое пардохт шудааст, ки ба навиштаи муаллифон кишоварзон онро қаблан ройгон анҷом медоданд.

Кристофер Шейс, собиқ узви Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва ҳамраиси комиссиюн мегӯяд, ки дар бархе мавридҳо хилофи қонун ба қарордодиҳо эътимод карда шудааст - ба гуфтаи ӯ қарордодиҳо ва иҷоракорон баъзан вазифаҳоеро анҷом медодаанд, ки ҳаққи кормандони федеролӣ мебошад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи аъзои комиссиюн, он омил боиси яъсу нигаронист, ки ҷангиёни мухолифи ҳукумати Кобул ба ҷуз маблағи парвариши хашхошу қочоқи маводи мухаддир, барои мусаллаҳшавӣ аз сармояҳо барои тарҳҳои сохтмонӣ ва қарордодҳои нақлиётии зери ҳимояти Амрико низ фаровон истифода кардаанд.

Ва аммо дар гузориш дар мавриди онки ба ин васила чӣ миқдор аз ин маблағҳо бар ҳадар рафтааст, ишора нашудааст. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки қарордодиҳо барои таъмини амнияташон ба афроди мусаллаҳи мухолифи ҳукумат чӣ маблағеро пардохт кардаанд.

Дар гузориш ҳушдор дода шудааст, ки масрафи беҳудаи сармояҳо дар оянда ҳам идома карда ва шояд то ба 30 миллиард доллар бирасад.

Дар гузориш 15 пешниҳод барои истифодаи беҳтар аз қарордодиҳо ироа шудааст - муаллифон, аз ҷумла, ба қатъи истифода аз ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ ва таъини намояндаи вижаи ҳукумат барои беҳбуди барномарезӣ ва ҳамоҳангӣ бо қарордодиҳо таъкид кардаанд.
XS
SM
MD
LG