Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ҳамроҳ бо мақомоти нави Либия хабари дар анборҳои силоҳи артиши Қаззофӣ ошкор шудани туфангҳои олмониро тафтиш мекунад

Дар бораи ошкор шудани туфангҳои ширкати олмонии Heckler & Koch, ки аз онҳо нерӯҳои зудамали Олмон истифода мекунанд, рӯзномаи Stuttgarter Nachrichten хабар дод.

Намояндаи вазорати иқтисоди Олмон Тобиас Пол изҳор намуд, ки дар бораи чӣ гуна ба дасти нерӯҳои Қаззофӣ расидани ин туфангҳо иттилоъ надорад.

Ширкати Heckler & Koch ҳам фурӯши силоҳ ба Либияро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG