Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тарҳи коҳиши касри буҷаро муаррифӣ мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 8 сентябр дар нишасти муштараки ҳарду палатаи Конгресс тарҳи коҳиши касри буҷа ва таъсиси ҷойҳои нави корро ироа мекунад.

Коҳиши касри буҷа дар солҳои наздик - яке аз шартҳои асосии боло бурдани ҳаҷми қарзи давлатӣ буд, ки дар робита ба он Кохи Сафед ва Конгресс аввалҳои моҳи август ба созиш расиданд.

Айни ҳол демократҳову ҷумҳурихоҳон дар мавриди роҳу василаҳои коҳиши касри буҷа ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG