Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон Ал-Убайдиро боздошт карданд


Ошӯбгарони Либия собиқ вазири умури хориҷии кишвар Абдулотӣ ал-Убайдиро дастгир карданд. Хабаргузории Рейтер бо такя ба шоҳидон навиштааст, ки ал-Убайдӣ дар манзили худ воқеъ дар ғарби Троблус боздошт шуд.

Макони буду боши раҳбари суқуткардаи Либия Муаммар Қаззофӣ то ҳол маълум нест. Нерӯҳои вафодор ба ӯ чун пештара шаҳри Сирт, воқеъ дар соҳили баҳри Миёназаминро,таҳти назорат доранд.

Сайфулислом, яке аз писарони Қаззофӣ дар паёме аз тариқи як шабакаи телевизионии арабӣ изҳор намуд, ки афроди вафодор ба Қаззофӣ таслим шуданӣ нестанд ва муборизаро бо ошӯбгарон идома медиҳанд.

Имрӯз хабаре нашр шуд, ки дигар писари Қаззофӣ – Саъдӣ бо фармондеҳони
ошӯбгарон дар Троблус дар мавриди хатми хунрезӣ музокирот мекунад.
XS
SM
MD
LG