Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ: Иштибоҳҳои Асадро наметавон ислоҳ кард


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, изҳор намуд, ки Порис ва ҳампаймонҳояш ба мардуми Сурия дар мубориза барои озодиву демократия кӯмак хоҳанд кард.

Зимни суханронӣ дар ҳузури сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Порис ӯ гуфт, "кореро, ки раисиҷумҳури Сурия анҷом додааст, ислоҳ кардан ғайримумкин аст". "Фаронса ва ҳампаймонҳояш дар чаҳорчӯби қонун ба талошҳои мардуми Сурия барои озодӣ ва демократия ёрӣ мекунанд"-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, дар Сурия саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ идома дорад. Рӯзи чаҳоршанбе артиши кишвар ба шаҳри Ҳамо ворид шуда даҳҳо нафарро боздошт кард. Дар ин амалиёт дасти кам як нафар кушта ва тақрибан 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG