Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матвиенко вакили Петербург дар Шӯрои Федератсион таъин шуд


Волии пешини шаҳри Санкт-Петербург Валентина Матвиенко дирӯз расман намояндаи ҳукумати шаҳр дар Шӯрои Федератсиони Русия таъин гардид.

Зери амр дар ин бора волии нави Петербург Георгий Полтавченко имзо гузошт.

Валентина Матвиенко баъди вакили як шӯрои маҳаллӣ интихоб шудан аз мақоми волии Санкт-Петербург истеъфо дод. Қарор аст, ки хонум Матвиенко узви Шӯрои Федератсион шавад ва раёсати палатаи болоии парлумони Русияро бар ӯҳда бигирад.

Нишасти навбатии Шӯрои Федератсион рӯзҳои наздик баргузор хоҳад шуд ва, ба гуфтаи нозирон, дар он хонум Матвиенко бидуни мушкил дар симати раиси палатаи болоии парлумони Русия пазируфта мешавад.
XS
SM
MD
LG