Пайвандҳои дастрасӣ

М.....н муносибтарин шаҳри ҷаҳон барои зиндагӣ


Як шохаи пажӯҳишии маҷаллаи мӯътабари “Экономист” бо нашри гузориши тозае, шаҳри Мелбурни Австралияро муносибтарин шаҳр барои зиндагӣ унвон кардааст. Соли гузашта ин ифтихор насиби шаҳри Ванкувери Канада шуда буд. Экономик Интелиҷенс Юнит ин унвонро бо назардошти шароити амниятӣ, хадамоти тиббӣ, фарҳангу маориф ва зербунёдҳои шаҳрҳо медиҳад. Дар миёни 140 шаҳри дунё, номуносибтарин шаҳр барои зиндагӣ шаҳри Ҳараре, пойтахти Зимбабве будааст. Душанбе дар ин феҳраст нест, аммо Алмаато дар мақоми 108 ва Тошканд дар мақоми 118-ум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG