Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши захираҳои оби Омӯ чиро нишон дод?


Як гурӯҳи донишмандони Швейтсария ҳамроҳ бо як ҳайати хабарнигорон аз Тоҷикистон дидан карданд.

Ахиран дар чаҳорчӯби тарҳи "Таҳқиқи ҳавзаи Амӯдарё", ки аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фанновариҳои Швейтсария таъмини молӣ мешавад, як гурӯҳи донишмандони ин кишвар ҳамроҳ бо як ҳайат аз хабарнигорон аз Тоҷикистон дидан карданд.
Мо Норакро дидем, вале ба далоили фаннӣ натавонистем иҷозати тамошои Роғунро саривақт бигирем. Дар ҳар сурат, вақте аз бараш мегузаштем, маҳалли бунёди сарбанди Роғунро дидем...


Барномаи сафари ин гурӯҳ баҳси масоили об ва баҳрабардорӣ аз захоири рӯди Омӯ бо мақомот ва таҳлилгарони масоили обу энержии минтақа дар Душанбе ва ҳам сафари мустақиме ба ҳавзаи ин рӯди фаромарзӣ, бо шумули рӯди Вахшро дар бар мегирифт.

Қаблан ҳамин ҳайат чунин як таҳқиқотро дар мавриди ҳавзаи Сирдарё низ анҷом дода буд, вале баҳрабардорӣ аз захоири рӯди Сир ба хотири сохтани нерӯгоҳҳо бештар марбут ба Қирғизистон мешуд, то Тоҷикистон, ки имконоти зиёде барои эҳдоси нерӯгоҳҳо дар Сирдарёро надорад. Аммо аксари тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба ҳавзаи рӯди Омӯ ва бахусус ба рӯдхонаи Вахш бастагӣ дорад, ки низ ба Амӯдарё мерезад.

Хабарнигори қирғиз Гулоим Ашекеева мегӯяд, ҳайъати онҳо ба хотири анҷоми таҳқиқот 10 рӯзро дар Тоҷикистон ба сар бурд ва қад-қади рӯди Вахш то маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун рафт ва қад-қади Панҷ то худи Хоруғ ва аз он ҷо то Мурғоб. Дар як сӯҳбат аз Гулоим аввал аз худи барномаи сафари онҳо ба Тоҷикистон пурсидем.

Гулоим Ашекеева: "Ин як таҳқиқоти академист дар мавзӯи захоири оби ҳавзаи Амӯдарё, ки бояд зина ба зина дар зарфи 5 сол ва бо ҷалби донишмандони варзида аз Швейтсария ва кишварҳои дигар анҷом шавад. Ва, албатта, мо ба нерӯгоҳҳои Роғуну Норак дар рӯди Вахш таваҷҷӯҳи зиёд доштем. Мо Норакро дидем, вале ба далоили фаннӣ натавонистем иҷозати тамошои Роғунро саривақт бигирем. Дар ҳар сурат, вақте аз бараш мегузаштем, маҳалли бунёди сарбанди Роғунро дидем. Ҳадафи мо бо чашми худ дидани тамоми ҳавзаи Омӯ буд. Аз ин рӯ, мо аз Роғун то Тавилдара рафтем ва аз онҷо ба Хоруғ гузашта, то Мурғоб расидем, ки вазъи пиряхҳоро низ биомӯзем. Ин муҳим буд, чунки пиряхҳои манбаъи аслии оби дарёҳои кӯҳии Тоҷикистон аст."

Озодӣ: Хуб, нахустин натиҷагириҳои шумо аз ин сафар чист?

Гулоим Ашекеева: "Барои натиҷагирӣ ҳанӯз барвақт аст. Ин сафари аввали мо буд ба хотири роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули маълумот. то имрӯз чи корҳое дар онҷо анҷом шудааст. Ин як барномаи панҷсола аст ва ман умедворам, ки дар поёни он мо як модели хуби идораи захоири оби рӯдхонаҳои Тоҷикистонро таҳия хоҳем кард. Ин рӯдхонаҳои фаромарзист ва ба ин далел мавзӯи об дар минтақаи мо хеле сиёсатзада шудааст. Аммо Тоҷикистон бояд хуб бидонад, ки пас аз 50 ё 100 сол бар асари тағйири иқлим чӣ захоири обиеро дар ихтиёр хоҳад дошт ва барномаҳои стротегиашро бо такя ба ин бисозад. Барои ин харитаи 100 сол баъди ҳавзаи бузурги Амӯдарёро бояд сохт ва омӯхт."

Озодӣ: Таниши Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи оби барқ аз касе пинҳон нест. Душанбе, албатта, умедвор аст, ки дар пайи чунин сафарҳо коршиносони ғарбӣ аз мавзеъи Тоҷикистон ҳимояти бештар кунанд. Аммо он донишмандони швейтсарие, ки дар ин сафар ҳамроҳи шумо буданд, ба ин баҳси Тоҷикистону Узбакистон, аз ҷумла бар сари тарҳи Роғун, чӣ назар доранд?

Гулоим Ашекеева: "Мутахассисони ғарбӣ, аз ҷумла ҳамсафарони ман чӣ қадар доғу ҳассос будани мавзӯъро хуб мефаҳманд. Ҳама медонанд, ки Узбакистон шадидан мухолиф аст. Онҳо мегӯянд, Душанбе бояд арзёбии тарҳҳои энержиашро бахусус аз нигоҳи пайомадҳои он барои кишварҳои поёноб хеле мӯшикофона ва шаффоф анҷом диҳад, ки ҷое барои шакк ё мухолифати ҳамсояҳо боқӣ намонад. Аммо ба назари аксари донишмандони ғарбӣ, танҳо роҳи воқеъии таъмини рушди Тоҷикистоне, ки нафту газ надорад, бунёди нерӯгоҳҳост.»
XS
SM
MD
LG