Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 тан дар иртибот бо бомбгузории Нигерия


Маъмурони амниятии Нигерия мегӯянд, ду узви гурӯҳи тундгарои исломиро боздошт карданд, ки дар созмондиҳии ҳамла ба қароргоҳи Созмони Милал муттаҳам мешавад. Дар бомбгузории рӯзи 26 август дар шаҳри Абуҷа пойтахти Нигерия 23 нафар кушта шуданд. Кумитаи амнияти миллии Нигерия гуфт, ду нафар узви гурӯҳи Боко Ҳарам ҳастанд, ки масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифтааст. Ба гуфтаи масъулони кумита онҳо дар пайи боздошти фарди саввум ҳастанд, ки бо Ал-қоида иртибот дошта ва чанде пеш аз Сомалӣ бозгаштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG