Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Иди Фитр ва суқути Қаззофӣ дар Троблус


Ҳазорон нафар аз сокинони шаҳри Троблус имрӯз дар Майдони Шаҳидони ин шаҳр ҷамъ омада ҳамзамон бо таҷлили Иди Рамазон суқути режими Муаммар Қаззофиро таҷлил карданд. Яке аз сокинони шаҳр, Ҳиссом Қурайшӣ гуфт: "Ман мехоҳам тамоми мардуми Либияро табрик бигӯям. Ҳокими ситамгаре суқут кард ва иншоолоҳ ин иди хубе барои мо хоҳад буд." Шӯришиёни Либия, ки бахши аъзами ин кишварро таҳти назорат доранд, аз тарафдорони Қаззофӣ дар зодгоҳи ӯ шаҳри Сирте хостаанд, то рӯзи шанбе силоҳҳояшонро ба замин гузоранд, дар акси ҳол ба онҳо ҳамла мекунанд. Аммо Мӯсо Иброҳим сухангщи Муаммар -аззофъ ин зарбулаҷалро рад кард. Куҷо будани худи Қаззофӣ маълум нест.
XS
SM
MD
LG