Пайвандҳои дастрасӣ

Аммо, ба гуфтаи намояндаи шӯъбаи умури дохилӣ, парвандаи ҷиноӣ ҳанӯз боз нашудааст.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, ҳодисаи лату кӯби Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи мустақили «Фараж» таҳқиқ хоҳад шуд. Вале афзуданд, ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Қайсиддин Алиев, як масъули шӯъбаи навбатдорӣ дар идораи пулиси ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳақиқат вай (Хуршеди Атовулло) ба мо муроҷиат кард ва мо ӯро ба корманди шӯъбаи кофтукоб вобаста кардем. Аризаи ҷабрдида низ гирифта шуд ва ин ҳодиса тавассути корманди мо таҳқиқ мешавад ва ҳатман афроде, ки ҳамла кардаанд, аз рӯи шумораи мошинашон ёфт хоҳанд шуд."

Ҷаноби Алиев дар посухи ин суол, ки оё нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд ё хайр, гуфт, «ҳоло ҷабрдида бояд ташхиси тиббӣ-судӣ биёрад ва албатта, чун лату кӯб шудааст, парванда боз хоҳад шуд».

Итминони масъулони идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавриди пайдо кардани ҳодисаи лату кӯби Хуршеди Атовулло дар ҳолест, ки чанд моҳе пеш Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» низ аз сӯи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд, аммо бо гузашти моҳҳо то ҳол омилони ин ҳодиса пайдо нашудаанд.

Хуршеди Атовулло, қабл аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе тавассути ҳафт тан аз афроди ношинос дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мавриди лату кӯб қарор гирифт.

ҲАМЛА ДАР РӮЗИ ИД

Раёсати Медиа Алянс ва ё Эътилофи Расонаҳои Тоҷикистон ҳодисаи лату куби Хуршеди Атовулло, раҳбари ин созмонро маҳкум кард.

Зафари Абдулло, аз аъзои аршади созмони Медиа Алянс гуфт, «албатта, ҳоло мушкил аст, ин қазияро шарҳ додан, аммо мо пас аз маслиҳату машварат иқдоме хоҳем гирифт. Яъне агар ҳодисаи лату куб ба фаъолияти Хуршед рабт дошта бошад, ҳатман нишасти матбуотӣ доир хоҳем кард ва изҳороти расмӣ пахш мекунем. Дар ҳар сурат ҳар навъ ҳамла ба журналист, ба хусус дар рӯзи ид ба фазои сиёсӣ ва расонаӣ халал ворид мекунад. То кунун мавориди ҳамла ба журналистон буда ва умедворам, ин идомаи чунин таҳаввуле набошад».

Зафари Абдулло гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Хуршеди Атовулло на танҳо журналисти оддист, балки раҳбарии чанд созмони муҳими дифоъ аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад, мақомот ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, то дар навбати аввал бар иловаи таҳқиқи сареъву мунсифона, ҳамчунин шароити таъмини амнияти ӯро низ фароҳам созанд.

НАНСМИТ МАҲКУМ МЕКУНАД

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ва ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ мавриди лату кӯб қарор гирифтани Хуршеди Атовуллоро дар партави қазияҳои додгоҳии нашрияҳо як ҳодисаи нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, «дар ин авохир мавзӯи таъмини амнияти тамоми шаҳрвандон, аз ҷумла як тан журналистон дар рӯзҳои ҷашни 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон ҳодисаи нигаронкунанда аст. Зеро вақте бо сари баланд дар бораи истиқлолият сӯҳбат мекунем, бояд амнияти рӯзноманигорон ва шаҳрвандон таъмин бошад».

Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Қаршибоев, ҳанӯз қазовати ҳодиса зуд аст, "дар сурати ба фаъолияти журналистии вай дахл доштани ин қазия, НАНСМИТ ҳатман ҳамроҳ бо шарикони худ барои дифоъ аз ҳуқуқи Хуршеди Атовулло ҷадал хоҳад кард».

Бино ба гуфтаи худаш ва шоҳидон, Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Фараж» ҳаволии соати 13-и имрӯз дар маҳаллаи Зарафшон тавассути афроди ношинос мавриди лату куб қарор гирифтааст.

ИЗҲОРОТИ ХУДИ ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО

Ҷаноби Атовулло ҳанӯз аз маҳалли ҳодиса дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз, ки ид аст мо ба табрики рафиқону пайвандон мерафтем. Ин буд, ки як худрави сафедранги тамғаи ВАЗ-06 бо рақами давлатии У 21 37 РТ аз маҳаллаи 102 то маҳаллаи "Зарафшон-2" ба ҳаракати машинаи мо монеа эҷод карда ва ниҳоят пеши мошини моро гирифтанд. Вақте аз мошин фаромада пурсон шудем, ки чаро чунин мекунем, бе ягон сабаб бо калтакҳо моро лату куб карданд."

Ба гуфтаи ҷаноби Атовулло афроди ношинос се нафар буданд, аммо вақте худрав манъ кард боз чор тани дигар бо ин афрод ҳамроҳ шуданд дар маҷмӯъ ҳафт нафар шуданд ва ӯ ва ҳатто ҳамроҳонашро низ лату кӯб карданд. Хуршеди Атовулло гуфт, ки аз дасти рост ва пойҳояш зарб хурда ва ҳанӯз ҳам дард азияташ медиҳад.

Ҳамакнун барои Хуршеди Атовулло, сабаби ин лату куб, ки ба гуфтаи вай афроди мулкӣ буданд, рушан нест, вай ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино шикоят бардааст. Дар зимн, Хуршеди Атовулло соли 1996 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти эҷодии вай аз барномаҳои ҷавонии Радиои Тоҷикистон шурӯъ карда, баъдан дар нашрияҳои "Ҷавонони Тоҷикистон", "Рӯзи нав", "Зиндагӣ" идома додааст. Чанд соли ахир бо таъсиси нашрияи мустақили «Фараж» сардабирии онро бар дӯш дорад. Ҳамчунин раҳбари Созмони рӯзноманигории «Медиа Алянси Тоҷикистон» мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG