Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як афсари баландрутбаи Арманистон


Дар Арманистон Маргар Оҳаниён, сардори Бозрасии давлатии автомобилиро бо иттиҳоми ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, полковники милиса Маргар Оҳаниён ҳамчунин ба дуздии маблағҳои давлатӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад, ки барои ин ҷиноятҳо аз 2 то 8 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Аз ҷумла ба гуфтаи мақомот, ӯ 150 тонна маводи сӯхти пешбинишуда барои мошинҳои нозирони роҳро аз они худ кардааст. Мақомоти тафтишотии Арманистон ваъда додаанд, ки ин афсари баландпоя мисли ҳар фарди оддӣ дар баробари қонун ҷавоб хоҳад дод. Бо вуҷуди тақвияти мубориза алайҳи ришвахорӣ дар миёни нозирони роҳ дар Арманистон, ин беморӣ ҳамчунон зиёд мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG