Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 18 тан бо иттиҳоми терроризм дар Қазоқистон


Додситонии вилояти Атирау дар ғарби Қазоқистон имрӯз гуфт, дар ин минтақа 18 нафар бо иттиҳоми тарҳрезии амалиёти террористӣ боздошт шудаанд. Сайфулло Камолов, додситони вилоят гуфт, “мақомоти интизомӣ” далели кофӣ барои боздошти ин афрод доранд, вале дар бораи амалиётҳои тарҳрезишуда ҷузъиёте надод. Вале ӯ гуфт, аз хонаи як узви ин гурӯҳ, ки рӯзи 29 август кушта шуд, маводи лозим барои бомбгузорӣ ёфт шудааст. Дар вилояти Атирау аввали ҳамин сол як бомбгузории интиҳорӣ сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG