Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили ҷашни истиқлол дар Қирғизистон


Мардуми Қирғизистон имрӯз 20-умин солгарди истиқлоли кишварро таҷлил мекунад. Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, Қирғизистон ба сӯи шукуфоӣ ҳаракат мекунад. Зимни пардабардорӣ аз муҷассамаи Манас, қаҳрамони устуравии қирғизҳо дар маркази Бишкек, Роза Отунбоева гуфт, соли 1991 баъди суқути шӯравии собиқ мардуми кишвараш озодиву истиқлолро интихоб кард ва собит намуд, ки “миллати мустақили омодаи ҳифзи фарҳанг ва суннатҳои худ” аст. Аммо гуфт ӯ Қирғизистон “чолиши наве пеши рӯ дорад ва интихоботи раёсати ҷумҳур дар тирамоҳи имсол ва мо бояд ба хотири шукуфоии кишвар интихоби дуруст кунем.” Қирғизистон тайи шаш соли гузашта борҳо шоҳиди талотумҳои сиёсӣ шудааст ва нахустин кишвар бо низоми порлумонӣ дар Осиёи Марказист.
XS
SM
MD
LG