Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти бобмгузориҳои хунин дар шаҳри Грозний


Пулиси Русия мегӯяд, дар ҳамлаи хунин дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон се бомбгузори интиҳорӣ даст доштаанд. Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия гуфт, теъдоди қурбониёни ҳамла ба 9 нафар расидааст. Ба гуфтаи пулис, як бомбгузор зимни таъқиби ӯ, худро мунфаҷир кардааст ва баъди ҷамъ омадани пулис ва раҳгузарон дар маҳалли ҳодиса, ду инфиҷор дигар сурат гирифтааст. Бисту ду нафари дигар дар бомбгузориҳо, ки дар рӯзи Иди Рамазон ва начандон дур аз порлумони Чеченистон ба вуқӯъ пайваст, захмӣ шудаанд. То кунун касе масъулияти бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, ҳамлаҳоро кори исломиёни ифротгаро хонд:"Ҳамла кори дасти гурӯҳи Доку Умаров аст. Ҳоло вазифаи мо пайдо кардани онҳост. Онҳо бори дигар нишон доданд, ки на инсонанд ва на мусулмон ва ҷони инсон барояшон арзише надорад." Дар ҷумҳуриҳои Қафқози Русия тайи чанд соли ахир ифротгароии исломӣ ва нооромӣ авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG