Пайвандҳои дастрасӣ

Лату кӯби Хуршеди Атовулло, сардабири "Фараж"


Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи сиёсии "Фараж" ва раҳбари созмони хабарнигории "Медиа-Алянси Тоҷикистон"

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи сиёсии "Фараж" ва раҳбари созмони хабарнигории "Медиа-Алянси Тоҷикистон"

Хуршеди Атовулло тақрибан соати 13-и имрӯз тавассути афроди ношинос мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Ҷаноби Атовулло, ки ҳоло дар идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор дорад дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Имрӯз мо ба табрики рафиқону пайвандон мерафтем. Ин буд, ки як худрави сафедранги тамғаи ВАЗ-06 бо рақами давлатии У 21 37 РТ аз маҳаллаи 102 то маҳаллаи 104 ман ва ду тан аз ҳамроҳонамро таъқиб карданд ва ниҳоят дар маҳаллаи Зарафшон-2 пеши мошини моро гирифтанд. Вақте аз мошин фаромада пурсидем, ки чаро чунин мекунед, бе ягон ҳарф бо калтакҳо моро лату кӯб карданд."



Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, афроди ношинос се нафар буданд, аммо вақте худравро манъ карданд, боз чаҳор тани дигар ба ин афрод ҳамроҳ шуданд. Сардабири "Фараж" гуфт, аз дасти рост ва пойҳояш зарб хӯрда ва ҳанӯз ҳам дард азияташ медиҳад.

Ҳамакнун барои Хуршеди Атовулло сабаби ин лату кӯб, ки ба гуфтаи вай аз сӯи афроди мулкӣ сурат гирифтааст, рӯшан нест. Яъне, дақиқ нест, ки ин лату кӯби ҷаноби Атовулло ба фаъолиятҳои эҷодии ӯ рабт дорад ва ё амали авбошӣ буд.

Дар зимн, Хуршеди Атовулло соли 1996 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти эҷодии вай аз барномаҳои ҷавонии Радиои Тоҷикистон шурӯъ карда, баъдан дар нашрияҳои "Ҷавонони Тоҷикистон", "Рӯзи нав", "Зиндагӣ" идома додааст.

Чанд соли ахир бо таъсиси нашрияи мустақили "Фараж" сардабирии онро бар дӯш дорад. Ин нашрия дар ду соли ахир аз ҷумлаи нашрияҳои серхонанда дар Тоҷикистон аст, ки бо теъдоди тақрибан 7 ҳазор нусха чоп мешавад. Ӯ ҳамчунин раҳбари созмони рӯзноманигории "Медиа-Алянси Тоҷикистон" мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG