Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзи ид дар Грозний 8 нафарро куштанд


Бар асари ду ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Грозний, пойтахти Ҷумҳурии Чеченистони Русия 8 нафар кушта шудааст. Ба гуфтаи пулис, як бомбгузор зимни талоши пулис барои боздошти ӯ, худро мунфаҷир кардааст ва баъди ҷамъ омадани пулис ва раҳгузарон дар маҳалли ҳодиса, инфиҷори дуввум сурат гирифтааст. Бисту ду нафари дигар дар бомбгузориҳо, ки дар рӯзи Иди Рамазон ва начандон дур аз порлумони Чеченистон ба вуқӯъ пайваст, захмӣ шудаанд. То кунун касе масъулияти бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, ҳамлаҳоро кори исломиёни ифротгаро хонд:"Ҳамла кори дасти гурӯҳи Доку Умаров аст. Ҳоло вазифаи мо пайдо кардани онҳост. Онҳо бори дигар нишон доданд, ки на инсонанд ва на мусулмон ва ҷони инсон барояшон арзише надорад." Дар ҷумҳуриҳои Қафқози Русия тайи чанд соли ахир ифротгароии исломӣ ва нооромӣ авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG