Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мардуми бумии Ҷумҳурии Олтойи Русия


Мардуми бумии як ноҳияи дурдасти Ҷумҳурии Олтойи Русия аз давлати ин кишвар хостаанд, барои суқути киштии кайҳонии “Прогресс” дар маҳалли сукунати онҳо ҷуброн бипардозад. Киштии мазкур рӯзи 24 август баъди 5 дақиқаи партоб суқут кард. Ба гузориши Радиои Озодӣ, мардумии туркзабони “тубалар”, бо ташкили раҳпаймоие гуфтаанд, шикастпораҳои киштиҳои кайҳонӣ, ки дар ин ноҳия зиёд меафтанд, ба сиҳатии мардуми бумӣ зиён доранд ва то кунун боиси вайронии муҳити зист шудаанд. Мария Сакова, намояндаи мардуми мӯътариз гуфтааст, баъди суқути “Прогресс”, ки сӯхти хатарноки ҳептил дорад, вазъи сиҳатии бисёре аз мардум бад шудааст ва даҳҳо нафар бо аломатҳои сӯхтани роҳҳои нафас ва заҳролудшавӣ ба шифохона муроҷиат кардаанд.
XS
SM
MD
LG