Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши маргбор дар шаҳри Кветтаи Покистон


Пулиси Покистон гуфт, бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар шаҳри ҷанубуғарбии Кветта дасти кам 10 нафар кушта ва даҳ тани дигар захмӣ шудаанд. Инфиҷор дар таввақуфгоҳи мошин ва замоне рух додааст, ки садҳо нафар аз масҷиди шаҳр, маркази вилояти Балуҷистон берун меомаданд. Касе масъулияти бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст. Балуҷистон аз вилоятҳои ноороми Покистон аст, ки мардумаш хоҳони худмухторӣ ҳастанд ва Толибон низ дар он фаъол мебошанд.
XS
SM
MD
LG