Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз вуруди то 18-солаҳо ба намози Иди Фитр


Маъмурони пулис аз ҳар наврасе, ки мехост вориди масҷид бишавад, санад мепурсиданд...

Маъмурони пулис аз ҳар наврасе, ки мехост вориди масҷид бишавад, санад мепурсиданд...

Маъмурони пулиси Тоҷикистон аз вуруди бархе наврасон ба масоҷиди ҷомеи марказӣ ҷилавгирӣ карданд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 31-уми август, дар ҳамаи масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон намози Иди Фитр баргузор шуд, вале ҳамчуноне ки мушоҳида гардид, бештари наврасон натавонистанд барои адои намози ид ба масоҷид роҳ ёбанд.

Маъмурони пулис, ки дар наздикии дарвозаи масоҷиди ҷомеъ меистоданд, аз вуруди афроди то 18-сола ба масоҷид ҷилавгирӣ карданд. Онҳо аз ҳар як навҷавоне, ки мехост, вориди масҷид бишавад, санад мепурсиданд.



Ҳарчанд маъмурони пулис ин амалкарди худро тавзеҳ надоданд, вале ин иқдом дар пайи ба иҷро даромадани Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд сурат мегирад. Ин қонун аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод ва аз тарафи вакилони порлумони кишвар дар оғози моҳи шарифи Рамазон тасвиб шуд, ки рафтани афроди то 18-сола ба масоҷидро манъ мекунад.

Парвизи 14-сола, ки дар синфи ҳафтуми яке аз мактабҳои пойтахт мехонад, мегӯяд, субҳи зуд ба масҷиди марказӣ омадааст, ки ҷои беҳтареро барои адои намоз интихоб кунад, аммо аз сари роҳи масҷид ӯро нагузоштаанд дарунтар равад: «Ману чанд рафиқамро милисаҳо намонданд, гуфтанд, ки ҳоло шумо хурдсол ҳастед. Мо хостем, ки аз роҳи пинҳонӣ дохили масҷид шавем, вале дар он ҷо ҳам милисаҳо меистоданд, мо натавонистем намози идро гузорем

Як навраси дигар, ки худро Ҷамолиддин муаррифӣ кард, мегуяд: «Мо дидем, ки дар ин масҷид роҳамон намедиҳанд ба масҷиди дигар, ба масҷиди «Сариосиё» рафтем, дар он ҷо намоз хондем. Кӯдакони зиёде дар ин масҷид роҳ наёфтанд, ҳамаашон ба масҷиди «Сариосиё» рафтанд.»



Дар ҳоле ки кормандони милиса дар саҳни масҷиди ҷомеи марказӣ пеши роҳи ҷавонони то 18-соларо мегирифтанд, дар дохили масҷид Маҳмадсаид Убайдулоев раиси Маҷлиси милии Тоикистон зимни муборакбодии намозгузорон ба иди рамазон мегуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳукумати Тоҷикистон пеши роҳи диндоронро нагирифтааст. Ҷаноби Убайдуллоев афзуд, ки давлат барои адои фароизи динӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Вай аз мардум хост, ки ба ин ҳукумат ҳуқуқбунёди демократӣ шукргузорӣ кунанд.

Вале муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мухтор Мавлонов ҷилавгирии ҷавонон ба масҷидҳоро аз тарафи кормандони интизомӣ дуруст шуморид ва гуфт, ки ин амал тибқи Қонуни масъулияти падару модар сурат гирифтааст, ки дар таърихи 2 август ба иҷро даромадааст:
«Ин амали кормандони умури дохила мувофиқи қонун аст, ва ин санад рафтани афроди то 18-сола ба масоҷидро манъ мекунад. Ин қонунро татбиқ кардан даркор.»

Замоне ки мо аз масҷидҳои дигар дидан мекардем, чунин рафтори масъулони давлатӣ дар мавриди ҷилавгирии ҷавонони то 18-сола ба масҷидҳо ба назар мерасид.
Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода

Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода аз уламои маъруфи Тоҷикистон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и ноҳияи Ваҳдат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин рафтори кормандони умури дохилӣ дар масҷиди онҳо сурат нагирифтааст, вале аз масҷидҳои дигр ҳамчунин шикоятҳое расидааст, ки масъулони ҷамоатҳо аз ҷавонони намозгузор шиноснома пурсидаанд.

Вай гуфт: «Иди саиди фитрро барои тамоми мардуми ҷумҳуриамон ва барои мардуми тамоми ҷаҳон ин рӯзи муборакро, рӯзи ваҳдату осоишро муборак мегӯям, аммо дуруст аст, ки дар ин масъала ба мо бисёр шикоят кардаанд, ки хусусан дар маҷиди назди Чуқайша, раиси маҳалла аз ҷавонон паспорт пурсида ва онҳоеро ки зери сини 18 ҳастанд иҷоза надодааст. Вақте ки ин қонун аст ҳар нафар аз он сӯистифода мекунад.»

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки идҳои Рамазон ва Қурбон аз шумори идҳои расмии Тоҷикистонанд ва бар асоси Қонуни асосии ин кишвар ширкати сокинони синну соли мухталиф, аз ҷумла ҷавонони то 18-соларо дар ин идҳо манъ намекунад.

Ҳуқуқдони тоҷик Раҳматулло Зоиров мегӯяд рафтори имрӯзаи кормандони умури дохилӣ дар назди масҷидҳо ва ҷилавгирии ҷавонони то 18-сола аз таҷлили иди Рамазон, нақзи ҳуқуқи инсон мебошад.

Ду рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёми табрикотии худ бахшида ба Иди сайиди
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми табрики Иди Рамазон

Фитр аз қабули қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам ёдоварӣ кард ва онро аз ҷумлаи “қонунҳои ҳаётан муҳим” донист. Ӯ афзуд, ин қонун бар асоси талаботи ҷомеаи озод ва пас аз муҳокимаи тӯлонӣ қабул шудааст, ки дар таҳия ва қабули он уламои ислом ҳам саҳм гирифтаанд. “Моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қонуни масъулияти волидайн ба мавҷи интиқодҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст ва аз ҷумла ба далели маҳдудиятҳое, ки барои афроди ноболиғ дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ, бо шумули ширкат дар намозҳои ҷамоат дар масоҷид эҷод мекунад.

Маросими намози Иди Фитр дар масҷиди "Муҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG