Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Қаззофӣ зарбулаҷалро рад карданд


Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, ки аз шаҳри Сирт дифоъ мекунанд, зарбулаҷали ошӯбгарон дар мавриди то рӯзи шанбе ба замин гузоштани силоҳро рад карданд.

Намояндаи ҳукумати суқуткарда Мусо Иброҳим гуфт, ки зарбулаҷали гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нахоҳад шуд. Дирӯз ошӯбгарон аз нерӯҳои Қаззофӣ даъват карданд, ки муқоваматро қатъ кунанд, дар акси ҳол мавриди ҳамлаи густурда қарор мегиранд. Мақомоти Шӯрои миллии гузори ошӯбгарон изҳор намуд, ки макони буду боши Муаммар Қаззофиро муқаррар кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Бритониё ҳисобҳои бонкии мунҷамидшудаи ҳукумати Либияро, ки дар онҳо яку ним миллиард доллар маҳфуз аст, дубора фаъол мекунад. Кумитаи таҳримҳои СММ ба дархости Лондон дар ин бора посухи мусбат дод. Ин ҳисобҳои бонкӣ баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи режими Қаззофӣ мунҷамид шуда буданд. Дар изҳороти вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг гуфта шудааст, ки ҳамаи маблағ ба Бонки марказии Либия интиқол меёбад ва барои ниёзмандиҳои фаврӣ истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG