Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин талафоти ИМА дар даҳ соли ҷанг дар Афғонистон


Талафоти низомии ИМА дар Афғонистон дар моҳи август бузуртарин дар тақрибан даҳ соли амалиёти зидди террористӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Бар пояи омори ғайрирасмии хабаргузории Associated Press, моҳи август дар набардҳо ва ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон 66 афсару сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд, 30 нафари онҳо бар асари суқути чархболи низомӣ ҷон бохтанд.

Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО ҳамин тобистон раванди ба нерӯҳои амниятии маҳаллӣ вогузоштани назорати бархе аз шаҳрҳоро шурӯъ кард. Интизор меравад, ки ин раванд соли 2014 поён ёбад ва ба ин васила, тавре ахиран раисиҷумҳур Барак Обама изҳор намуд, "тулонитарин ҷанг дар таърихи Амрико хатм мешавад".
XS
SM
MD
LG