Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё сармояи Қаззофиро дар ихтиёри ошӯбгарон мегузорад


Бритониё ҳисобҳои бонкии мунҷамидшудаи ҳукумати Либияро, ки дар онҳо яку ним миллиард доллар маҳфуз аст, дубора фаъол мекунад. Кумитаи таҳримҳои СММ ба дархости Лондон дар ин бора посухи мусбат дод. Ин ҳисобҳои бонкӣ баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ мунҷамид шуда буданд.

Дар изҳороти вазири умури хориҷии Бритониё Уилям Ҳейг гуфта шудааст, ки ҳамаи маблағ ба Бонки марказии Либия интиқол меёбад ва барои ниёзмандиҳои фаврӣ истифода мешавад.

Рӯзи сешанбе ошӯбгарон ба ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ, ки чун пештара аз шаҳри Сирт ва чанд мавзеъи дигар дифоъ мекунанд, то рӯзи шанбе фурсат доданд то ки силоҳ ба замин гузоранд.

Макони буду боши Қаззофӣ маълум нест, чанд узви хонаводааш дар Алҷазоир панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG