Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мири нави Санкт-Петербург интихоб мешавад


Георгий Полтавченко ва Валентина Матвиенко
Георгий Полтавченко ва Валентина Матвиенко
Маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург имрӯз ба номзадии Георгий Полтавченко дар мақоми мири шаҳр раъй медиҳад. Ба думболи раъйдиҳӣ маросими савгандёдкунии мири нав ҳам тарҳрезӣ шудааст.

Номзадии Полтавченко, ки аз ин пеш намояндаи раисиҷумҳури Русия дар Ҳавзаи федеролии марказӣ буд, аз сӯи президент Дмитрий Медведев пешбарӣ гардид.

Шаҳрдори Санкт Петербург Валентина Матвиенко баъди вакили як шӯрои маҳаллӣ интихоб шудан аз мақомаш истеъфо дод. Қарор аст, ки хонум Матвиенко узви Шӯрои Федератсион шавад ва раёсати палатаи болоии парлумони Русияро бар ӯҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG