Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои нави ИМА алайҳи мансабдорони Сурия


Вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим

Вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим

ИМА таҳримҳо болои мансабдорони воломақоми Сурияро ташдид бахшид.

Вазорати молияи Амрико ҳисобҳои бонкии вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим ва ду мансабдори ҳукумати Сурияро мунҷамид сохт.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳрҳои Сурия дар рӯзи иди Фитр намоишҳои оммавии эътирозӣ идома карданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар чанд шаҳр нерӯҳои амниятӣ сӯи тазоҳургарон оташ кушоданд. Дасти кам ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи СММ, тайи ним соли эътирозҳо дар Сурия тақрибан 2200 нафар кушта шуданд. Ҳазорон нафар боздошт шуда мавриди шиканҷа қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG