Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Яман аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Муҳаммад Носир Аҳмад, вазири дифоъи Яман, аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.

Дар роҳи корвони мошинҳои вазир дар вилояти Абён як бомб инфиҷор шуд. Ду муҳофиз кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба худи вазир осебе нарасидааст.

Дар минтақаи ҳодиса, вилояти Абён, задухӯрдҳо миёнги артиш ва гурӯҳҳои исломӣ идома дорад. Маркази вилоят шаҳри Занҷибар таҳти назорати гурӯҳҳои наздик ба шабакаи “Ал-Қоида” аст.
XS
SM
MD
LG