Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш маргбор дар Грозний дар рӯзи Иди Фитр


Чораҳои амниятӣ дар Грозний ташдид бахшида шуданд
Чораҳои амниятӣ дар Грозний ташдид бахшида шуданд
Дар рӯзи таҷлил аз Иди Фитр дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон, хун рехт. Шоми дирӯз дар шаҳр ду таркиш ба амал омад, ки мунҷар ба ҳалокати ҳафт нафар ва ҷароҳат бардоштани 18 тани дигар гардид.

Ба навиштаи хабаргузории “Интерфакс”, дар инфиҷорҳо ҳам кормандони полис ва ҳам афроди мулкӣ ҷон бохтанд.

Таркиши аввалро як маргталаб анҷом дод, таркиши дуввум дар ҳоле ба амал омад, ки кормандони полис ба ҷойи ин ҳодиса расиданд.

Чораҳои амниятӣ дар Грозний ташдид бахшида шуданд.
XS
SM
MD
LG