Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парчами "осмонбӯс"-и Тоҷикистон дар Китоби рекордҳои Гиннес


Дар пойтахти Тоҷикистон расми ифтитоҳи баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, доир шуд.

Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазирону раҳбарони идораҳои давлатӣ ва намояндагони корпусҳои димпломатӣ иштирок доштанд.

Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес, ки милаи парчами миллии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин флагштоки дунё сабт кардааст, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии кӯтоҳ расми ифтитоҳи парчами миллӣ, ки дар ҳоли ҳозир баландартарин парчам дар дунёст, аз ҷумлаи ифтихороти миллӣ донист. Вай гуфт, "парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёди мост."

Ҷаноби Раҳмон дар лаҳзаҳои охири суханронии худ маҳаллеро, ки дар он ҷо бурҷи парчами миллӣ насб шудааст, Майдони парчами миллӣ номид. Ӯ афзуд, сокинони Тоҷикистон аз ин ба баъд зери парчами миллӣ муттаҳид шуда ва барои ободии сарзамини худ талоши бештаре мекунанд.



Расми барафроштани парчами миллии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки чаҳор рӯз пеш дар Душанбе аз Арки нишони миллӣ низ пардабардорӣ шуд. Баландии ин арки воқеъ дар канори чапи Қасри Миллат 45 метр ва даври нишони насбшуда бар фарози он 5 метр мебошад.

Дар канори рости Қасри Миллат бурҷи Парчами миллии Тоҷикистон сохта шудааст, ки баландии сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад. Мақомот мегӯянд, баландтарин парчами дунё дар Тоҷикистонро ширкати байналмилалии “Trident Support” сохтааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад.

Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз 19 сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG