Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкатҳои "Суман" ва "Ҳафт пайкар" ба қасди ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии Ethical Fashion Show, ки дар Порис аз 1 то 4-уми сентябр баргузор мегардад, озими Фаронса шуданд.

Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифта, аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) иҷро ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Иштирокдорони намоишгоҳи мазкур -- ширкати "Суман" ва "Ҳафт пайкар" бо худ сӯзанӣ, зардеворӣ, пироҳанҳои дастидӯзи арӯсӣ ва болишро ба ин намоишгоҳ бурдаанд. Яке аз шартҳои аслии ин намоишгоҳи байналмилалӣ низ ҳамин аст, ки бояд маҳсулоти саноеи дастие ба намоиш гузошта шавад, ки он аз нахҳои соф ва аз ҷиҳати экологиву сиҳатӣ бехавф бошанд.



Абдуфаттоҳ Шафиев, мушовири барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон" ба "Озодӣ" гуфт: "Мо феълан бо корхонаҳои калонтарини саноеи дастии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем ва дар ин замина мехоҳем ҳамкориро бо дигар корхонаҳои манотиқи мухталифи кишвар ба роҳ монем. Ба хотири беҳтар кардани сифату дизайни ин маҳсулот мо коршиносону мутахассисонро аз Аврупо даъват кардем, то курсҳои кутоҳмуддатро бо кормандони ин корхонаҳо доир кунанд, онҳоро бо сифату дизайнҳои ҷаҳонӣ ошно созанд. Ҳоло ду корхонаи машҳури

Тоҷикистон "Суман" ва "Ҳафт пайкар" дар Порисанд ва дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок доранд. Ин гуна тадбирҳо барои рушди тиҷорат дар кишвар ва боз ҳам беҳтару серахаридор кардани маҳсулоти саноеи дастӣ ва роҳ ёфтани он ба бозори ҷаҳонӣ имкон фароҳам меорад."

Нина Николская, тарроҳи собиқадори ширкати дӯзандагии "Суман" дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, вай агарчӣ рустабор аст, вале аз шавқу дилбастагии зиёд ба русуми тоҷикон ва либосҳои қадимаву дастидӯзи ин мардум ӯро ба ин коргоҳ овардааст: "Ин занҳо муъҷиза меофаранд. Дар сехи зардӯзӣ ва попурзанӣ мо барои арӯсони зебоямон камзӯлу пироҳанҳо ва тамоми ҷиҳози туёнаро медӯзем. Хурсандам, ки маҳсули дастони мо дар Порис ба намоиш гузошта мешавад. Ҳар сол духтарони ҷавони бисёре мактаби миёнаро хатм карда ба коргоҳи мо меоянд ва ин ҳунарҳоро аз устодон меомӯзанд. Ҷавонон низ вақтҳои охир ба ҳамин расму оин ва либоси миллии худ рӯ овардаанд. Ин маънои онро дорад, ки ин либосу ашёи зебо боз ҳам умри дарозтаре доранд."

Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон дар ҳоле ба саноеи дастӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, ки солҳои ахир худи ҷомеаи ин кишвар як андоза ба поси арзишҳои миллии худ, расму оинҳо ва либоси суннатии худ бармегардад. Моҳира, як духтари ҷавони тоҷик, мегӯяд, тоза донишгоҳро хатм кардааст ва дар рӯзҳои наздик маъракаи арӯсӣ дорад. Ӯ гуфт, барои худ либосу ҷиҳози миллӣ омода кардааст: "Дугонаҳоям баъзешон хостанд, ки ман фатта пӯшам, лекин розӣ нашудам. Мехоҳам тоҷикӣ пӯшам. Чӣ бадӣ дорад либосӣ тоҷикии худамон? Дар суратҳояш модари ман либоси миллӣ дорад ва маро аз ин хуш меояд. Зеби арӯс ҳамин аст, ки рӯяш пӯшида бошад ва андомаш зиёд намоён набошад."

Мусоҳиби дигари мо ки худро Махфират Кишваршоева муаррифӣ кард, мегӯяд, барои ду духтараш, ки ба синни балоғат наздиканд, аз ҳоло ба ҷои гилему қолинҳои маснуӣ мехоҳад зардевориву сӯзанӣ ва гилемҳои дастибофти қадимӣ таҳия кунад: "Ман худам, ки гулдӯз ҳастам аз дастам ин ҳунарҳо меояд. Мо бояд либосу ашёи қадимии худамонро дошта бошем ва онҳоро эҳтиёт кунем, ки аз байн нараванд."

Гурӯҳе аз коршиносон бар ин назаранд, ки як омили аслии ба расму суннатҳои миллӣ рӯ овардани мардум, хусусан, ҷавонон дар солҳои охир барномаи зиёди ҳукуматӣ ва суханрониҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба поси арзишҳои милӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG