Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯбии эътирозҳои ҷадид дар Сурия


Башор Асад ҳангоми адои намози ид
Башор Асад ҳангоми адои намози ид
Сурия имрӯз – дар рӯзи аввали Иди Фитр – шоҳиди эътирозҳои нав шуд. Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон дар чанд минтақа тир кушодаанд, ки дар натиҷа дастикам 7 нафар, аз ҷумла 4 эътирозгар дар Даръо ва якеи дигар дар Ҳумс кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, тайи 5 моҳи эътирозҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия то 2200 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG