Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба нирӯҳои Қаззофӣ то 3 сентябр фурсат додаанд


Мустафо Абдулҷалил
Мустафо Абдулҷалил
Чирикиҳои Либия ба нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ то рӯзи шанбе зарбулаҷал додаанд, ки таслим шаванд, вагарна ба ҳамлаи низомӣ дучор хоҳанд шуд. Раиси Шӯрои миллии гузор Мустафо Абдулҷалил дар Бенғозӣ ба хабарнигорон гуфт, музокирот дар зодгоҳи Қаззофӣ – Сирт – ва шаҳрҳои дигар идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳамсар ва 3 фарзанди Муаммар Қаззофӣ ба Алҷазоир паноҳ бурдаанд. Алҷазоир мегӯяд, ба вуруди онҳо “ба далоили башарӣ” иҷозат додааст. Аммо Маҳмуд Шаммом, сухангӯи Шӯрои миллии гузор гуфт: “Ин як амали душманона алайҳи мардуми Либия ва алайҳи хостҳои ин мардум аст. Мо барои истирдод ва ба додгоҳ кашонидани онҳо аз тамоми тадобири қонунӣ истифода хоҳем бурд.”
Франс Пресс хабар дод, ки Оиша, духтари Қаззофӣ субҳи имрӯз духтар таваллуд кардааст. Куҷо будани худи Қаззофӣ то ҳол маълум нест.
Чирикиҳо ба ҳар касе ки ӯро бикушад ё бисупорад, ваъдаи афв ва 1,3 миллион доллар ҷоиза додаанд.
XS
SM
MD
LG