Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи иқтисодии Суғд хулосаи худро дар мавриди баҳси ширкати хусусии “Бахт" бо "Ориёнбонк" эълон кард.

Бар асоси ин ҳалнома бояд намояндагии "Ориёнбонк" 800 ҳазор доллар хисороти ширкати хусусии "Бахт"-ро ҷуброн кунад.

Раиси ширкати "Бахт", Нуриддин Мақкамов, мегӯяд, хулосаи Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд барояшон ғайримунтазира буд. Зеро ду моҳ қабл додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин баҳсро ба фоидаи "Ориёнбонк" ҳал кард.

Ба қавли Бузургмеҳри Равшан, вакили мудофеи ширкати "Бахт", аз ин баҳс тақрибан 8 сол мегузарад, вале ҳанӯз ҳам "Ориёнбонк" мехоҳад донад, ки корхонаи хусусии "Бахт" ба комбинати орди Қайроққум аз куҷо ва чӣ гуна орд овардааст.



Бузургмеҳри Равшан
"Гандум оварда шудааст. Чӣ аҳамият дорад, ки аз кӣ харида шудааст ва аз куҷо оварда шудааст? Ин ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии вилоят боз як далели раднопазири дуруст будани даъвои ширкати "Бахт" аст ва онҳо набояд дигар сарпечӣ кунанд",-афзуд вакили мудофеъ.

Ҳуқуқшиноси аршади дафтари марказии "Ориёнбонк", Панҷшанбе Лаълбеков, мегӯяд, ба ин хулосаи Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд розӣ нест ва ҳатман аризаи шикоятии худро пешкаш хоҳад кард: "Албатта, мо аризаи шикоятии худро пешниҳод хоҳем кард, вале ҳоло бояд бо ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии Суғд ошно шавем. Ростӣ, дар мавриди комбинати орди Темурмалик, ки парвандаи ҷиноятӣ боз шудаасту ва 11 сол боз идома дорад, мо бехабар мондем. Роҳбарони пешини ин комбинат пули корхонаро аз худ кардаанд. Мо ин корхонаро дар ивази қарзҳояш гирифта будем."

Аммо Бузургмеҳри Равшан дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки ҳоло вуҷуди ин парвандаи ҷиноӣ дигар ба як масъалаи дохилии "Ориёнбонк" марбут аст, зеро Комбинати орди Қайроққум расман дар тобеияти ҳамин бонк мебошад. Вай афзуд, "Ориёнбонк" бо пеш овардани аризаи шикоятӣ мехоҳад, фурсатталабӣ кунад ва ин баҳсро ба дарозо кашад.

Шӯҳрат Қудратов (аз тарафи рост) ва Абдураҳмон Шарифов, вакилони мудофеъ
Ҳуқуқдон Шуҳрат Қудратов бо такя ба таҷрибаҳои ҳуқуқии худ ба ин бовар аст, ки 90 дарсади баҳсҳои додгоҳие, ки афроди оддӣ бо идораҳои ҳукуматӣ ё бо афроди наздик ба хонаводаи президент ё бо ашхоси наздик ба шахси вазирҳо доранд, бар зарари онҳо анҷомидааст.

Ба қавли ҷаноби Қудратов, ҳарчанд системаи додгоҳӣ тибқи қонуни асосии Тоҷикистон мустақил бошад ҳам, вале амалан тобеъи мақомоти ҳукуматӣ ва шахсони мансабдор мебошад: "Як баҳсе, ки шаҳрванд Фотима бо Вазорати маориф дар додгоҳ идома дошт ба фоидаи ин вазорат анҷом ёфт. Баҳси студияи телевизиони хусусии "Сомониён" бо Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба нафъи ин кумита ҳал шуд. Даҳҳо мисол метавонам орам, ки беадолатии додгоҳҳоро хусусан дар баҳсҳои афроди мансабдорон бо ашхоси бе пушту паноҳро собит мекунад."

Шӯҳрат Қудратов ба унвони намунаи дигар ҳамин баҳси ширкати хусусии "Бахт" бо "Ориёнбонк"-ро мисол овард, дар соли 2003 додгоҳ ҳалномаи худро ба фоидаи ин ширкати хусусӣ содир кардааст, аммо то кунун бо ҳар баҳона "Ориёнбонк", ки роҳбарии он ба яке аз хешовандони президент тааллуқ дорад, аз додани қарзи 800 ҳазор доллар сарпечӣ намуда фурсатталабӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG