Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як "ифротӣ" дар ғарби Қазоқистон


Мақомоти ғарби Қазоқистон мегӯянд, як гумонбар ба тундравии мазҳабиро, ки қасди анҷоми амалҳои террористиро дар сар дошт, ба ҳалокат расондаанд. Мақомоти додситонии вилояти Атирау гуфтаанд, ин узви як гурӯҳи ифротӣ рӯзи 29 август кушта шуд. Нирӯҳои амниятӣ маҳалли амалиёти алайҳи ин нафарро муҳосира гирифта буданд. Тайи моҳҳои охир дар вилоёти ғарбии Атирау ва Оқтеппа чанд даргирии хунин байни мақомоти пулис ва афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ сурат гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG