Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби 28 ба 29 август дар ҷазираи Русский, воқеъ дар минтақаи Шарқи дури Русия, байни мардикорон аз Тоҷикистону Узбакистон ва посбонони як ширкати сохтмонӣ занозанӣ сурат гирифтааст. Мақомоти минтақа мегӯянд, аз 30 то 100 мардикор посбонҳои ширкати “Крокус” ва ходимони милисаро сангборон кардаанд ва низоъ танҳо баъди расидани афсарони ОМОН хунсо шудааст. Сухангӯи ширкат Екатерина Черненко дар шарҳи сабабҳои низоъ гуфт, мардикорон мехостанд ба хотири таҷлил аз иди Фитр ба хобгоҳ арақ биоранд, вале азбаскӣ нӯшидани машрубот дар ҳамаи 6 хобгоҳи “Крокус” манъ аст, посбонон пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Аммо Шайх Абдуллоҳ Эшмуҳаммадов, масъули бахши осиёии Муфтиёти Русия гуфт, мақомоти ширкат мардумеро, ки як моҳи дароз рӯза гирифтааст, беасос тӯҳмат мекунад:
“Машрубот дар Ислом билкулл ҳаром аст, гузашта аз он, дар рӯзи ид. Иллати ҷанҷол шояд марбут ба таъхир дар пардохти маош бошад ва ё бо шароити кор. Дар онҷо коргаронро аз ҳисоби маош фиреб медиҳанд. Чанд рӯз пеш ман бо онҳо дар тамос шудам, мегуфтанд, боз маоши онҳоро кам додаанд. Ин мардуми рӯзадор бе ягон рӯзи истироҳат, 70 соат дар ҳафта кор мекунанд ва ба ҷои 30 000 рубл ба онҳо ҳамагӣ 15 000 медиҳанд. Онҳо мисли ғуломанд.”
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар натиҷаи занозании гурӯҳӣ дар ҷазираи Русский аз ҳарду ҷониб 10 нафар осеб дида, як коргарро, ки саг газида буд, ба бемористон интиқол додаанд.
XS
SM
MD
LG