Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узви кӯҳансоли ҳизби панэронист


Ризо Кирмонӣ
Ризо Кирмонӣ
Ризо Кирмонӣ, як узви кӯҳансоли Ҳизби панэронистро барои адои ҳукми зиндонаш боздошт кардаанд. Ҳамсари ӯ Меҳрии Авлиёӣ ба Радиои Фардо гуфт, шавҳари 77-солаашро ҳанӯз рӯзи шанбе аз манзили онҳо дар Караҷ, воқеъ дар канораи шимолии Теҳрон гирифтанд.
Додгоҳи Караҷ Кирмониро ҳанӯз дар моҳи феврал бо ҷурми “иқдом алайҳи амнияти миллӣ” ба як соли зиндон маҳкум карда буд. Кирмонӣ феълан дар зиндони Қизилҳисори Караҷ будааст.
Ҳизби панэронист ҳанӯз соли 1951 аз ҷониби Мӯҳсин Пизишкпур таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG