Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе як варзишгоҳи бузург хоҳанд сохт


Варзишгоҳи марказии Душанбе

Варзишгоҳи марказии Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди футболро тасвиб кард. Ин барнома аз соли 2012 то 2016-ро фаро мегирад. Тибқи он, қарор аст, дар Душанбе як варзишгоҳи бузург бо 50 000 ҷои нишаст низ сохта шавад. Ҳадаф аз ин барномаи пуриддао эҷоди шароит барои рушди футболи миллӣ гуфта мешавад. Феълан ба далели ба меъёрҳои ФИФА ҷавобгӯ набудани варзишгоҳи марказӣ( собиқ варзишгоҳи Фрунзе) тими миллии футболи Тоҷикистон маҷбур аст бозиҳояшро дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир кунад.
XS
SM
MD
LG