Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ба дидори Коморовский меравад


Янукович ва Коморовский дар як дидори қаблӣ
Янукович ва Коморовский дар як дидори қаблӣ
Азми Украина барои пайвастан ба Аврупо як мавзӯъи аслии музокироти имрӯзаи руасои ҷумҳуриҳои Украинаву Лаҳистон Виктор Янукович ва Бронислав Коморовский дар осоишгоҳи Юрата, дар шимоли Лаҳистон, ном бурда мешавад. Лаҳистон феълан раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад ва хабаргузори ПАП мегӯяд, ду раҳбар роҳҳои мусоидати Варшава ба таъмини ҳамоиши бештари Киев бо ин созмони қораиро баҳс хоҳанд кард. Матбуоти Лаҳистон мегӯяд, Коморовский дар ин дидор шояд мавзӯъи боздошти сарвазири собиқи Украина Юля Тимошенко бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақомро низ матраҳ кунад. ИА аз боздошти раҳбари мухолифини Украина изҳори нигаронӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG