Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави эътирозҳо дар Сурия дар рӯзи ид


Башор Асад дар намоизи ид дар як масҷиди Димишқ
Башор Асад дар намоизи ид дар як масҷиди Димишқ
Сурия имрӯз – дар рӯзи аввали таҷлил аз Иди Фитр - ба мавҷи нави эътирозҳо рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои амниятӣ ба хотири пароканда кардани тазоҳургарон дар чанд минтақа, аз ҷумла дар Даръо, Ҳумс ва дар канораҳои Димишқ тир кушодаанд. Як шабакаи фаъолон дар бораи ҳалокати дастикам 6 эътирозгар дар Даръо ва якеи дигар дар Ҳумс хабар медиҳад. Ба ҳисоби СММ, тайи 5 моҳи эътирозҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия тақрибан 2200 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG