Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бораи Ҷалолиддини Маҳмуд


Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Комиссияи назорати оташбас аз ҷониби мухолифин дар солҳои ҷанги дохилӣ. Дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. 51 сол дорад. Шӯъбаи иқтисоду савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст. Хидмати сарбозии даврони Шӯравиро дар Муғулистон анҷом додааст.

Аз солҳои 80-ум бо ҳаракатҳои исломӣ пайваст мешавад ва дар ҳалқаҳои динии он солҳо донишҳои исломии худро такмил медиҳад. Фаъолияти кории худро дар “Таджиклифтремонт” ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ карда, баъдан дар Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим идома медиҳад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Маскав паноҳанда мешавад ва сипас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин масъулияти раёсати Комиссияи назорати оташбасро ба ӯҳда мегирад. То чанд муддат раёсати бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро дар ихтиёраш мегузоранд. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
XS
SM
MD
LG