Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда алайҳи 20 масъули маорифи Хатлон


Мактабе дар ноҳияи Ҷомӣ
Мактабе дар ноҳияи Ҷомӣ
Дар вилояти Хатлон алайҳи беш аз 20 масъули бахши маориф парвандаҳои маъмуриву ҷиноӣ боз кардаанд. Додситонӣ онҳоро асосан ба далели таъхир дар пардохти маоши омӯзгорон ба масъулият кашонидааст. Нуралӣ Азизов, муовини раиси идораи маорифи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, макотиби вилоят ба тақрибан 1000 омӯзгор ниёз доранд.Танҳо дар як соли охир ҳудуди 400 омӯзгор ва асосан устодони ҷавон дар ин вилояти ҷануби Тоҷикистон ба далели камии маош тарки мактаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG