Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори талоқҳо дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Идораҳои ақди никоҳи Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ издивоҷи 41 000 ҷуфтро сабт кардаанд, ки назар ба айни давраи соли гузашта 5,2 дарсад бештар будааст. Хабаргузории Авасто аз қавли мақомоти вазорати адлия навишт, ки дар ин давра теъдоди талоқҳо низ 8,2 дарсад афзуда, тақрибан 3400 оила ҷудо шудаанд. Дар маҷмӯъ ба ҳар 1000 издивоҷ дар Тоҷикистон 83,2 мавриди талоқ рост меояд.
Теъдоди талоқҳо дар тамоми вилоёти Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дошта, аммо танҳо вилояте, ки бо коҳиши шумори издивоҷҳо низъ рӯбарӯст, вилояти Суғд аст, ки дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ теъдоди издивоҷҳо дар ин минтақа 3,6 дарсад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG